Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 3:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуи он, тамоми дунбаи он, ки то худи думғоза ҷудо карда шуда бошад, ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 3:9
15 Iomraidhean Croise  

Ва сандуқи Худовандро оварда, андаруни хаймае ки Довуд барои он барпо карда буд, онро дар маконаш гузоштанд; ва Довуд ба ҳузури Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ овард.


Ва Сулаймон бедор шуд, ва инак хоб буд. Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди Худованд истод, ва қурбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд, ва барои ҳамаи навкаронаш базм барпо кард.


Ва Сулаймон ҳамчун қурбонии саломатӣ, ки барои Худованд оварда буд, бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд забҳ намуд; ва подшоҳ ва тамоми банӣ‐Исроил хонаи Худовандро тақдис карданд.


Дар ҳамон рӯз подшоҳ миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд аст, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо ба амал овард, зеро қурбонгоҳи мисине ки ба ҳузури Худованд буд, барои гунҷонидани қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатӣ хурдӣ кард.


Ва сандуқи Худоро оварда, онро андаруни хаймае ки Довуд барои он барпо карда буд, гузоштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худо тақдим карданд.


Ва аз қӯчқор чарбу ва дунбаро, ва чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаи ҷигар, ва ду гурда, ва чарбуеро, ки бар онҳост, ва соқи ростро бигир, зеро ки ин қӯчқори гумоштанӣ мебошад,


Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,


Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.


То ки банӣ‐Исроил забҳҳои худро, ки дар саҳро забҳ мекунанд, биёранд, яъне онҳоро барои Худованд ба дари хаймаи ҷомеъ, назди коҳин биёранд, ва онҳоро ҳамчун забҳҳои саломатӣ барои Худованд забҳ кунанд;


Ва аз он ӯ тамоми чарбуяшро тақдим менамояд: дунба ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад,


Ва чарбу ва дунба, ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳо, ва соқи ростро гирифт;


Ва низ чарбуи барзагов ва қӯчқорро: дунба ва он чи амъоро мепӯшонад, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигарро, —


Ва ҷамъи чорпоён барои забҳи саломатӣ: бисту чор наргов, шаст қӯчқор, шаст нарбуз, шаст барраи нари яксола; ин буд тақдиси қурбонгоҳ баъд аз тадҳини он.


Ва пеш аз ман ба Ҷилҷол фурӯд ой, ва инак ман назди ту фурӯд хоҳам омад, то ки қурбониҳои сӯхтанӣ биёрам, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намоям; ҳафт рӯз мунтазир бош, то ки назди ту биёям, ва он гоҳ туро огоҳ хоҳам намуд, ки чӣ бояд бикунӣ“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan