Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 3:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 3:8
17 Iomraidhean Croise  

Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.


Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.


Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд.


Ва ӯ дасти худро бар сари он мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва пирони ҷамоат дастҳои худро бар сари гӯсола ба ҳузури Худованд мемонанд, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунанд.


Ва ӯ дасти худро бар сари нарбуз мемонад, ва онро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, ба ҳузури Худованд забҳ менамояд. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва он гӯсоларо назди дари хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд мебиёрад, ва дасти худро бар сари гӯсола мемонад, ва гӯсоларо ба хузури Худованд забҳ мекунад;


Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».


Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд.


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.


Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.


Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan