Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 3:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 3:16
19 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;


Ва низ қурбониҳои сӯхтанӣ бо чарбуи қурбониҳои саломатӣ ва бо ҳадияҳои рехтанӣ барои қурбониҳои сӯхтанӣ бисьёр буд; ва хизмати хонаи Худованд дуруст ба ҷо оварда шуд.


Ва Сулаймон миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд буд, такдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо такдис кард, зеро қурбонгоҳи мисине ки Сулаймон сохта буд, қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳоро натавонист гунҷоиш диҳад.


Ва тамоми чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаеро, ки бар ҷигар аст, ва ду гурдаро бо чарбуе ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон.


Ва аз қӯчқор чарбу ва дунбаро, ва чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаи ҷигар, ва ду гурда, ва чарбуеро, ки бар онҳост, ва соқи ростро бигир, зеро ки ин қӯчқори гумоштанӣ мебошад,


Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.


Валекин коҳинони левизодаи банӣ‐Содӯқ, ки дар вақти аз Ман дур шудани банӣ‐Исроил хизмати навбатдории хонаи муқаддаси Маро ба ҷо меоварданд, — онҳо ба Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд, ва онҳо ба ҳузури Ман хоҳанд истод, то ки ҷарбу ва хунро барои Ман қурбонӣ намоянд, мегӯяд Худованд Худо.


Ва коҳин хунро бар қурбонгоҳи Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мепошад, ва чарбуро ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад;


Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва чарбу ва дунба, ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳо, ва соқи ростро гирифт;


Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.


Исо ба вай гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan