12 Ва агар қурбонии ӯ буз бошад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯидааст, ва мисли решае аз замини хушк; Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем, ки ба Ӯ назар андозем; ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Худованд қурбонӣ кунад, — қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим намояд.
Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба андоми он пора мекунад.
Ва Мусо нарбузи қурбонии гуноҳро талабид, ва инак, он сӯзонида шуда буд; ва ӯ ба Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун, ки зинда монда буданд, хашм намуда, гуфт:
Ва агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.
Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,
Агар қӯчқоре қурбонӣ намоӣ, барои ҳадияи ордӣ ду ушри эфа орди маҳине биёр, ки бо сеяк ҳин равған омехта шуда бошад.
Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.