11 Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.
Вақте ки аҷнабиёни дорои дили номахтун ва ҷисми номахтунро меовардед, то ки дар хонаи муқаддаси Ман истода, хонаи Маро палид созанд, ва шумо ғизои Маро, яъне чарбу ва хунро бо ёрии онҳо қурбонӣ менамудед, ва онҳо, илова бар ҳамаи корҳои зишти шумо, аҳди Маро поймол мекарданд;
«Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,
Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.
Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.
Ва аз дасти аҷнабиён нони Худои худро аз ҳеҷ кадоми инҳо тақдим нанамоед, зеро ки онҳо нуқсон доранд, яъне маъюбанд; ба воситаи онҳо сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳед шуд».
Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.
Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
Валекин шумо онро беҳурмат месозед бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд палид аст, ва неъматаш, яъне таомаш сазовори ҳурмат нест».
Бар қурбонгоҳи Ман нони палид меоваред, ва мегӯед: «Бо чӣ мо Туро беҳурмат сохтаем?» Бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд сазовори ҳурмат нест».
«Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.
Ҳамин тавр ҳар рӯз аз он ҳафт рӯз ба амал оваред; нони ҳадияи оташин атри гуворо барои Худованд аст; ин бояд ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он тақдим карда шавад.
Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.
Инак, назди дар истода, тақ‐тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.