Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ тақдим намуд, ва сӯи Худованд хонд, ва Ӯ варо иҷобат намуда, бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ оташе аз осмон фиристод.
Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.
Ва ҳангоме ки ин рӯзҳо ба итмом расад, дар рӯзи ҳаштум ва баъд аз он коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатии шуморо бар қурбонгоҳ бароранд ва Ман ба шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо».
Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.
Ва қурбониҳои сӯхтании худро, яъне гӯшт ва хуни онҳоро, бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ тақдим намо; ва хуни забҳҳои худро бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ бирез, ва гӯшти онҳоро бихӯр.
Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.
Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.
Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.