9 Ва агар он чорпое бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ мекунанд, ҳар он чи касе аз онҳо ба Худованд тақдим менамояд, муқаддас хоҳад буд.
Чизеро сабукфикрона муқаддас хондан ва баъд аз назр мулоҳиза кардан — дом аст барои одамизод.
Зеро ки хобҳо ва чизҳои ҳеҷу пуч бисьёр шавад, сухан бисьёр мешавад, лекин ту аз Худо битарс.
Ва чизе аз он нахоҳанд фурӯхт ва иваз нахоҳанд кард, ва ин навбари замин ба дигарон гузаронида нахоҳад шуд, зеро ки он барои Худованд муқаддас аст.
Набояд онро иваз кунад ва хубро ба бад ё бадро ба хуб бадал намояд; ва агар чорпоеро ба чорпое иваз намояд, — ҳам он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд.
Ва агар вай ба дараҷае бенаво бошад, ки қиматдиҳии туро натавонад адо намояд, — бигзор варо назди коҳин биёранд, ва коҳин қимате барояш муайян кунад; бигзор коҳин ба қадри дороии назркунанда қимати варо муайян намояд.
«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;
Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост»,