7 Ва агар аз шастсола ва болотар бошад, — барои мард қиматдиҳии ту понздаҳ сиқл, ва барои зан даҳ сиқл хоҳад буд.
Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Ва агар аз якмоҳа то панҷсола бошад, — қиматдиҳии ту барои мард панҷ сиқл нуқра, ва барои зан қиматдиҳии ту се сиқл нуқра хоҳад буд.
Ва агар вай ба дараҷае бенаво бошад, ки қиматдиҳии туро натавонад адо намояд, — бигзор варо назди коҳин биёранд, ва коҳин қимате барояш муайян кунад; бигзор коҳин ба қадри дороии назркунанда қимати варо муайян намояд.