Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 27:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва агар қиматдиҳии ту барои марди аз бистсола то шастсола бошад, — қиматдиҳии ту панҷоҳ сиқл нуқра бар тибқи сиқли муқаддас хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 27:3
10 Iomraidhean Croise  

Ва Еҳӯош ба коҳинон гуфт: «Тамоми нуқраи вақфро, ки ба хонаи Худованд оварда мешавад, чунончи: нуқраи саршуморӣ, нуқраи назри касе мувофиқи қимати нуфус, ҳар нуқрае ки касе ба дилхоҳи худ ба хонаи Худованд меоварад, —


Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, бояд ин фидияро бидиҳад: ним сиқл бо сиқли муқаддас, ки як сиқл аз бист геро иборат аст; ним сиқл ҳадияи Худованд аст.


Тамоми тиллое ки дар тамоми кори қудс ба кор бурда шуд, яъне тиллои инъом, бисту нӯҳ киккар ва ҳафтсаду сӣ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.


Ва агар касе хонаи худро вақф кунад, то ки он барои Худованд муқаддас бошад, коҳин бояд ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат диҳад; чӣ тавре ки коҳин ба он қимат диҳад, ҳамон тавр ба амал хоҳад омад.


Ва ҳар қимате ки дода мешавад, бояд бо сиқли муқаддас бошад: бист ҷеро дар як сиқл бояд бошад.


Ва агар вай занбошад, — қиматдиҳии ту сӣ сиқл хоҳад буд.


«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;


Ва барои қурбонии ҷурми худ бигзор ба Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.


Ва онҳое ки барояшон фидия дода мешавад, бояд якмоҳа бошанд, ва барояшон мувофиқи қиматдиҳии худат панҷ сиқл нуқра бо сиқли муқаддас, ки аз бист ҷеро иборат аст, фидия бигир.


Панҷ сиқлӣ барои ҳар саре бигир, онро бо сиқли муқаддас, ки ҳар сиқл бист ҷеро бошад, бигир.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan