Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 27:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва он қитъа, вақте ки дар юбил раҳо шавад, ҳамчун қитъаи вақф барои Худованд муқаддас хоҳад буд; он ба тасарруфи коҳин дароварда хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 27:21
11 Iomraidhean Croise  

Ва ҳар касе ки дар зарфи се рӯз мувофиқи машварати сардорон ва пирон набиёяд, тамоми молу мулкаш таҳрим намуда, худаш аз ҷамоати ҷалои ватан шудагон хориҷ карда хоҳад шуд.


Ҳадияи ордӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва ҷурмро онҳо хоҳанд хӯрд; ва тамоми вақф дар Исроил аз они онҳо хоҳад буд.


Ва соли панҷоҳумро тақдис кунед, ва дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед; бигзор ин барои шумо юбил бошад; ва ҳар яке ба мулки худ баргардед, ва ҳар яке ба оилаи худ баргардед.


Ва агар маблағи зарурӣ, ки бояд ба он кас баргардонад, дар дасташ пайдо нашавад, дар он сурат он чи ӯ фурӯхтааст, дар дасти харидори он то соли юбил мемонад, ва дар юбил он раҳо мешавад, ва ӯ ба мулки худ бармегардад.


Вале хонаҳои деҳоте ки гирдогирд ҳисор надорад, бояд мисли киштзори он замин ҳисоб ёбад: онҳоро фидия дода гирифтан мумкин аст, ва дар юбил онҳо раҳо мешавад.


Ва агар ӯ қитъаро фидия дода нагирад, ё агар қитъа ба каси дигар фурӯхта шавад, — баъд аз ин фидия дода гирифтан мумкин нест.


Ва агар касе китъаеро, ки харида бошад, яъне қитъаеро, ки аз мулки худаш нест, барои Худованд вақф кунад, —


Ҳар он чи дар Исроил вақф карда мешавад, бигзор аз они ту бошад.


Ва аз он чи несту нобуд карда мешавад, чизе ба дастат начаспад, то ки Худованд оташи хашми Худро хомӯш карда, ба ту марҳамат намояд, ва ба ҳоли ту раҳмаш омада, туро афзун гардонад, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст,


Валекин шумо аз чизи ҳаром эҳтиёт кунед, мабодо бо даст задан ба чизи ҳаром шумо нобуд шавед, ва ӯрдугоҳи Исроилро гирифтори ҳалокат карда, фалокате ба сари он биёред.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan