2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар касе назр кунад, ки нуфусе мувофиқи қиматдиҳии ту аз они Худованд бошад,
Коҳинон, ҳар яке аз шиноси худ, бигиранд, ва рахнаҳои хонаро, дар ҳар ҷое ки рахна ёфт шавад, таъмир намоянд».
Вақте ки ба Худо назр мекунӣ, дар адои он таъхир накун, зеро ки Ӯ ба аблаҳон таваҷҷӯҳ намекунад; он чи назр кардаӣ, адо намо.
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ва Исроил барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар ин қавмро ба дасти ман бисупорӣ, шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор хоҳам кард».
Агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд, пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд.
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар марде ё зане назри назирӣ кунад, то ки назирӣ Худованд бошад,
Ҳангоме ки ба токзори ёри худ биёӣ, аз ангури он ҳар қадар ки дилат бихоҳад, то сер шудани худ бихӯр, вале дар зарфи худ наандоз.
Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ду моҳ вай назди падари худ баргашт, ва ӯ назреро, ки дода буд, бар вай ба амал овард; ва вай рӯи мардро надид; ва дар Исроил чунин таомул шуд,
Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».
Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд». Ва дар он чо Худовандро ибодат карданд.