18 Ва агар қитъаи худро баъд аз юбил вақф кунад, дар он сурат коҳин бояд нуқраро бар тибқи солҳое ки то соли юбил боқӣ монда бошад, ҳисоб кунад, ва бигзор ин аз қимати он тарх намуда шавад.
Бигзор ӯ солҳои фурӯхти худро ҳисоб кунад, ва бақияи маблағро ба он кас, ки фурӯхта буд, баргардонад, ва ба мулки худ баргардад.
Ва агар касе хонаи худро вақф кунад, то ки он барои Худованд муқаддас бошад, коҳин бояд ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат диҳад; чӣ тавре ки коҳин ба он қимат диҳад, ҳамон тавр ба амал хоҳад омад.
Агар қитъаи худро аз соли юбил вақф кунад, бигзор мувофиқи ҳамин қимат ба амал ояд.
Ва агар қитъаро вақфкунандаи он фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор панҷьяки қимати онро бар он илова намояд, ва он дар ихтиёраш хоҳад монд.
Кохин бояд маблағи қимати онро то соли юбил барои ӯ ҳисоб кунад, ва ӯ бояд он қиматро дар ҳамон рӯз ҳамчун вақфи Худованд бидиҳад.