Набояд онро иваз кунад ва хубро ба бад ё бадро ба хуб бадал намояд; ва агар чорпоеро ба чорпое иваз намояд, — ҳам он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд.
Ва агар он аз чорпоёни наҷис бошад, бояд мувофиқи қимате ки ба он дода шудааст, фидия дода гирифта шавад, ва панҷьяки он қимат бар он илова карда шавад; ва агар фидия дода гирифта нашавад, он бояд мувофиқи қимате ки дода шудааст, фурӯхта шавад.