12 Ва коҳин ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат медиҳад, ва чӣ тавре ки коҳин қимат диҳад, ҳамон тавр хоҳад шуд.
Ва Еҳӯош ба коҳинон гуфт: «Тамоми нуқраи вақфро, ки ба хонаи Худованд оварда мешавад, чунончи: нуқраи саршуморӣ, нуқраи назри касе мувофиқи қимати нуфус, ҳар нуқрае ки касе ба дилхоҳи худ ба хонаи Худованд меоварад, —
Ва агар он ягон чорпои наҷис бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ намекунанд, — бигзор он чорпоро пеши коҳин биёрад,
Ва агар онро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд.
Кохин бояд маблағи қимати онро то соли юбил барои ӯ ҳисоб кунад, ва ӯ бояд он қиматро дар ҳамон рӯз ҳамчун вақфи Худованд бидиҳад.