11 Ва агар он ягон чорпои наҷис бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ намекунанд, — бигзор он чорпоро пеши коҳин биёрад,
Набояд онро иваз кунад ва хубро ба бад ё бадро ба хуб бадал намояд; ва агар чорпоеро ба чорпое иваз намояд, — ҳам он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд.
Ва коҳин ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат медиҳад, ва чӣ тавре ки коҳин қимат диҳад, ҳамон тавр хоҳад шуд.
Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.
Музди фоҳиша ва қимати сагро барои ҳеҷ назре ба хонаи Худованд Худои худ наовар, зеро ки ин ҳар ду дар назари Худованд Худои ту зишт аст.