Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва ба замин сулҳу осоиштагӣ хоҳам дод, ва ҳангоме ки мехобед, касе шуморо ташвиш нахоҳад дод; ва ҳайвоноти бадро аз заминатон маҳв хоҳам сохт, ва шамшер аз заминатон гузар нахоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:6
43 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ ба пушташ нигариста, онҳоро дид, ва онҳоро ба исми Худованд лаънат гуфт. Ва ду хирс аз ҷангал берун омада, аз онҳо чилу ду писарбачаро дариданд.


Инак, писаре барои ту таваллуд хоҳад ёфт, ки вай марди осоиштае хоҳад буд, ва Ман ба вай аз ҳамаи душманони гирду атрофаш осоиштагӣ хоҳам бахшид; зеро ки номи вай Сулаймон хоҳад буд, ва Ман дар айёми вай ба Исроил сулҳ ва осоиштагӣ хоҳам бахшид.


Ва мамлакати Еҳӯшофот осуда шуд, ва Худои ӯ ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.


Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид, ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.


Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард, ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.


Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.


Бишнав, эй Худованд, ва ба ман марҳамат намо. Худовандо! Мададгори ман бош.


Овозам Худовандро мехонад, ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд. Село.


Ба дилам шодӣ бахшидаӣ аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.


Мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён нест; ва аъмоле мисли аъмоли Ту нест.


Онҳоро аз пеши ту дар як сол бадар нахоҳам ронд, мабодо замин валангор гардад, ва ҳайвоноти саҳро бар зарари ту афзун шаванд.


Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд.


Вақте ки роҳ равӣ, ба ту роҳнамоӣ хоҳад кард; вақте ки хоб равӣ, туро нигаҳбонӣ хоҳад кард; вақте ки бедор шавӣ, бо ту мусоҳиба хоҳад кард,


Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд.


Шере дар он ҷо нахоҳад буд, ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд, балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд.


Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.


Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.


Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — ва эй Исроил, ҳаросон нашав, зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст, ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод; ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист, ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.


Дар айни ҳол ман бедор шудам ва ба гирду пешам назар андохтам, ва хобам барои ман хуш буд.


Ва агар ҳайвоноти даррандае ба он замин бифиристам, ки онро бефарзанд гардонанд, ва он ба харобазоре мубаддал шавад, ба тавре ки аз тарси он ҳайвонот касе аз он гузар накунад,


Ё агар шамшере ба сари он замин биёрам ва бигӯям: „Эй шамшер, аз ин замин убур намо!“, ва инсону ҳайвонро аз он маҳв намоям,


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳарчанд ки чор қасоси сахти Худ: шамшер ва қаҳтӣ ва ҳайвоноти дарранда ва ваборо бар Ерусалим бифиристам, то ки инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,


Ва барои онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ва ҳайвоноти даррандаро аз ин замин нест хоҳам кард, ва онҳо дар биёбон дар амният сокин хоҳанд шуд, ва дар ҷангалҳо хоҳанд хобид.


Ва дарахти саҳро бори худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва онҳо бар замини худ дар амният хоҳанд буд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки чӯбҳои юғи онҳоро дарҳам шиканам, ва онҳоро аз дасти ғуломкунандагонашон бираҳонам.


Ва бар шумо қаҳтӣ ва ҳайвони даррандаро хоҳам фиристод, то ки туро бефарзанд гардонанд, ва вабо ва хун андаруни ту гузар хоҳанд кард, ва шамшере бар ту равона хоҳам намуд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.


Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид.


Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид, ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт.


Пас, фароизи Маро ба ҷо оваред, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, ва бар замин ба амният сокин хоҳед буд.


Ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва то серӣ хоҳед хӯрд, ва бар он ба амният сокин хоҳед буд.


Ва ҳайвоноти саҳроро бар шумо хоҳам фиристод, то ки фарзандони шуморо нобуд кунанд, ва чорпоёни шуморо талаф намоянд, ва шуморо камшумор гардонанд, ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.


Ва бар шумо шамшери қасосгире хоҳам овард, ки қасоси аҳдро бигирад; ва ҳангоме ки дар шаҳрҳои худ ҷамъ шавед, вабое дар миёни шумо хоҳам фиристод, ва шумо ба дасти душман таслим хоҳед шуд.


Ва душманони худро таъқиб хоҳед намуд, ва онҳо пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.


Ва ҳар яке зери токи худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид, зеро ки даҳони Худованди лашкарҳо инро гуфтааст.


Бақияи Исроил ноинсофӣ нахоҳанд кард, ва дурӯғ нахоҳанд гуфт, ва дар даҳонашон забони фиребгарона ёфт нахоҳад шуд, зеро ки худашон чаро карда, хоҳанд хобид, ва касе онҳоро безобита нахоҳад кард».


Ҷалоли ин хонаи охирин назар ба аввалинаш бузургтар хоҳад буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо; ва дар ин макон Ман сулҳу осоиштагиро барқарор хоҳам намуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо».


Ва Ман аробаҳоро аз Эфроим, ва аспонро аз Ерусалим маҳв хоҳам кард, ва камони ҷангӣ барҳам хоҳад хӯрд, ва Ӯ бо халқҳо аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд, ва салтанаташ аз баҳр то баҳр ва аз наҳр то ақсои замин хоҳад буд.


Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.


Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус касди берун овардани ӯро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз ҳобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.


Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan