Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва хирманкӯбии шумо то вақти ангурканӣ давом хоҳад кард, ва ангурканӣ то вақти кишт давом хоҳад кард, ва нони худро ба серӣ хоҳед хӯрд, ва дар замини худ ба амният сукунат хоҳед намуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:5
26 Iomraidhean Croise  

Малакути Ту малакути ҳамаи замонҳост, ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост.


Он ки дар паноҳгоҳи Хаққи Таоло нишастааст, дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд.


Ва Мусо гуфт: «Пас, Худованд барои шумо шомгоҳон гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред, ва бомдодон нони серона; зеро Худованд шикоятҳои шуморо, ки аз Ӯ кардаед, шунидааст; ва мо чистем? Шикоятҳои шумо на аз мо, балки аз Худованд аст».


Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».


Исми Худованд бурҷи кувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.


Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.


Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.


Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.


Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид.


Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид, ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт.


Ва Худованд иҷобат намуда, ба қавми Худ хоҳад гуфт: «Инак, Ман ба шумо гандум ва шираи ангур ва равғани зайтун мефиристам, то ки аз он сер шавед; ва дигар шуморо дар миёни халқҳо нангин нахоҳам кард.


Натарсед, эй чорпоёни саҳро, зеро ки чарогоҳҳо месабзад, дарахт меваи худро меоварад, анҷир ва ток қуввати худро нишон медиҳанд.


Ва шумо хӯроки фаровон хӯрда, сер хоҳед шуд, ва исми Худованд Худои худро, ки барои шумо корҳои аҷоиб кардааст, мадҳ хоҳед гуфт, ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.


«Инак, айёме меояд», мегӯяд Худованд, «ки шудгоркунанда ба даравгар дучор хоҳад омад, ва пахшкунандаи ангур — ба коранда; ва кӯҳҳо шираи ангурро хоҳад чаконид, ва бар ҳамаи теппаҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд.


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад».


Ва дар саҳрои ту барои чорвоят алаф хоҳам дод, ва ту хӯрда, сер хоҳӣ шуд.


Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;


Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan