Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:44 - Китоби Муқаддас 1992 1999

44 Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:44
20 Iomraidhean Croise  

Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.


Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.


Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.


Валекин бар ҳасби марҳамати бузурги Худ онҳоро комилан маҳв насохтӣ ва тарк накардӣ, зеро ки Ту Худои карим ва раҳим ҳастӣ.


Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад.


Ба хотири исми Худ моро рад нанамо; тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун; аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.


«Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки ин анҷирҳо нек аст, ончунон Ман асирони Яҳудоро, ки аз ин макон ба замини калдониён фиристодаам, ба некӣ хоҳам шинохт;


Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, — то ки туро наҷот диҳам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.


Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисьёр ёд мекунам; бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Он гоҳ аз насли Яъқуб ва бандаи Худ Довуд низ безор мешудам, то ки аз насли ӯ ҳокимонро барои насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нагирам; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид ва бар онҳо раҳм хоҳам кард».


Валекин Ман аҳди Худро, ки дар айёми ҷавоният бо ту бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди ҷовидоние бо ту аз нав барқарор хоҳам кард.


Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.


Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд:


Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст: «Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;


Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan