Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:43 - Китоби Муқаддас 1992 1999

43 Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:43
28 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд, ва ба ҳузури Худои падарони худ бағоят гардан фуровард;


То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.


Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст! Пас, ҷазои Қодирро рад накун,


Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.


Худовандо! Лабҳои маро бикшо, ва забонам ҳамду санои Туро хоҳад гуфт;


Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.


Зеро, баъд аз он ки баргаштам, пушаймон шудам, ва баъд аз он ки фаҳм кардам, бар рони худ задам; хиҷил шудам, ва нангам низ омад, зеро ки расвоии ҷавонии худро бардошта мегаштам“.


Ва Худованд бар ин мусибат исрор намуда, онро бар мо овард, зеро ки Худованд Худои мо дар ҳамаи корҳое ки мекунад, одил аст, вале мо ба овози ӯ гӯш надодаем.


Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.


Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷонатон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —


Ва баландиҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва санамҳои Ҳамони шуморо маҳв хоҳам намуд, ва лошаҳои шуморо бар шикастапораҳои бутҳои шумо вожгун хоҳам сохт, ва ҷони Ман аз шумо кароҳат хоҳад дошт;


Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд.


Аз касе ки дар маҳкама далел меоварад, кароҳат доранд, ва аз шахси ростгӯй нафрат мекунанд.


Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт;


Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;


Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.


Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan