Ва инак, Худованд бар он истодааст, ва мегӯяд: «Манам Худованд, Худои Иброҳим падарат ва Худои Исҳоқ. Ин заминро, ки ту бар он хобидаӣ, ба ту ва ба насли ту медиҳам.
Ва инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам».
Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;