Ибодат 26:41 - Китоби Муқаддас 1992 199941 Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд. Faic an caibideil |
Ва растагорони шумо дар миёни халқҳо, дар ҷойҳое ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, Маро ба ёд хоҳанд овард, ки Ман дили зинокори онҳоро, ки аз Ман дур шуда буд, ва чашмони онҳоро, ки аз паси бутҳошон зино мекард, дарҳам шикастаам, ва онҳо барои бадиҳое ки илова ба тамоми аъмоли зишти худ кардаанд, аз худашон нафрат хоҳанд дошт,
Ва ҳангоме ки бадиҳо ва кулфатҳои зиёд ба сари онҳо биёяд, ин суруд мисли шаҳодате бар онҳо гувоҳӣ хоҳад дод, зеро ки он аз даҳони насли онҳо фаромӯш нахоҳад шуд; чунки Ман иштиёқи онҳо, ва он чиро, ки онҳо имрӯз мекунанд, медонам, пеш аз он ки онҳоро ба замине ки дар бораи он қасам хӯрдаам, дохил кунам».