Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:40 - Китоби Муқаддас 1992 1999

40 Он гоҳ ба гуноҳи худашон ва ба гуноҳи падаронашон, ки ба Ман хиёнат карданд, ва ҳатто бар хилофи Ман рафтор карданд, иқрор хоҳанд шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:40
30 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асиркунандагони худ сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: „Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем“;


Ва ҳангоме ки онҳо дар замини душманонашон, ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Ту баргарданд, ва ба замине ки Ту ба падаронашон додаӣ, ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —


Ва алҳол ба ҳузури Худованд, Худои падарони худ, тавба карда, мувофиқи иродаи Ӯ амал кунед, ва худро аз қавмҳои замин ва аз занони аҷнабӣ ҷудо кунед».


Худовандо, Худои Исроил! Ту одил ҳастӣ, зеро ки бақияе аз мо мисли имрӯз саломат мондаанд; инак мо ба ҳузури Ту дар маъсияти худ ҳозирем, гарчанде ки ба сабаби ин ба ҳузури Ту истодагӣ кардан мумкин нест».


Ва гуфтам: «Эй Худои ман! Аз бардоштани рӯи худ ба сӯи Ту, эй Худои ман, шарм ва хиҷолат дорам, зеро ки гуноҳҳои мо бисьёр шуда аз сар гузаштааст, ва маъсияти мо афзуда, то ба осмон расидааст.


Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад; ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст.


Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.


Мо, эй Худованд, ба шарорати худ, ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем, зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.


Худовандо, назар андоз, зеро ки дар тангӣ ҳастам: амъоям ҷӯш мезанад, дилам андарунам чаппа шудааст, зеро ки бағоят саркашӣ кардаам; аз берун шамшер нобуд мекард, чунон ки дар хона мамот ҳукмфармо буд.


Ва онҳо шуморо тасаллӣ хоҳанд дод, зеро ки рафтор ва кирдори онҳоро хоҳед дид; ва хоҳед донист, ки ҳар он чи Ман дар он кардаам, беҳуда накардаам, мегӯяд Худованд Худо».


Ва ҳангоме ки рафтори бади худ ва кирдори зишти худро ба ёд оваред, барои гуноҳҳо ва каҷкориҳои худ аз худатон нафрат пайдо хоҳед кард.


Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.


Ва агар бар хилофи Ман рафтор намоед ва аз гӯш додан ба Ман гардан тобед, Ман зарбаро барои ҳар гуноҳатон ҳафтчандон афзун хоҳам кард.


Он гоҳ Ман низ бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зарба хоҳам зад.


Пас, дар сурате ки ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, бигзор ба гуноҳе ки кардааст, иқрор шавад,


Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.


Ва онҳо назди банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод омаданд, ва ба онҳо сухан ронда, гуфтанд:


Ва Еҳушаъ ба Охон гуфт: «Писарам, лутфан Худованд Худои Исроилро ҷалол деҳ, ва пеши Ӯ иқрор шав, ва ба ман маъл м намо, ки чӣ кардӣ; аз ман пинҳон надор».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan