Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ман боронҳои шуморо саридарвақт хоҳам дод, ва замин ҳосили худро хоҳад овард, ва дарахтони саҳро меваи худро хоҳанд дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:4
31 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».


Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад, ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.


Ва аз халқе сӯи халқе овора шуда мегаштанд, аз мамлакате сӯи қавми дигаре.


Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо дар маскани қудси Худ.


Худо оворагонро ба хонаашон бармегардонад, бандиёнро аз завлонаҳо берун меоварад; аммо исьёнгарон дар биёбони тафсон сокин хоҳанд шуд.


Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ — бегона.


Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод,


Зеро ки эҳсони Ту ба ман бузург аст, ва ҷонамро аз қаъри дӯзах халосӣ додаӣ.


Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд? Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад? Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ, ва мо ба Ту умед хоҳем баст, зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.


Ва меваи дарахтон ва ҳосили саҳроро афзун хоҳам кард, то ки дигар дар миёни халқҳо бори нанги қаҳтиро набардоред.


Натарсед, эй чорпоёни саҳро, зеро ки чарогоҳҳо месабзад, дарахт меваи худро меоварад, анҷир ва ток қуввати худро нишон медиҳанд.


Ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва то серӣ хоҳед хӯрд, ва бар он ба амният сокин хоҳед буд.


Ман баракати Худро дар соли шашум бар шумо равона хоҳам кард, ва он барои се сол ҳосил хоҳад дод.


Зеро ки акнун дар сулҳу осоиштагӣ зироат ба амал хоҳад омад, ток меваи худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва осмон шабнами худро хоҳад бахшид, ва Ман ҳамаи инҳоро ба тасарруфи бақияи ин қавм хоҳам даровард.


То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.


Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад».


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар ба аҳкоми Ман, ки имрӯз Ман ба шумо амр мефармоям, гӯш андозед, то ки Худованд Худои худро дӯст бидоред ва бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ Ӯро ибодат намоед,


Дар он сурат борони замини шуморо, борони аввалин ва охиринро дар сари вақт хоҳам дод, ва ту ғаллаи худ ва шираи ангури худ ва равғани зайтуни худро ҷамъ хоҳӣ кард.


Худованд барои ту ганҷинаи некӯи Худ, яъне осмонро воз хоҳад кард, то ки борони замини туро дар сари вақт биборонад ва ба ҳар шуғли дасти ту баракат диҳад, ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Онҳо қудрат доранд осмонро бандубаст кунанд, то ки дар рӯзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки бихоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan