Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:36 - Китоби Муқаддас 1992 1999

36 Ва дар дилҳои бақияи шумо, дар кишварҳои душманонатон, беҷуръатӣ хоҳам андохт, ва шувваси барги ҷавлонкунанда онҳоро хоҳад гурезонид, ва онҳо мисли касе ки аз шамшер мегурезад, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, дар сурате ки таъқибкунандае набошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:36
31 Iomraidhean Croise  

Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ‐Яъқубро таъқиб накарданд.


Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».


Ва ҳамаи шаҳрҳои гирду пеши Ҷарорро зарба заданд, зеро ки тарси Худованд онҳоро фаро гирифта буд; ва ҳамаи шаҳрҳоро тороҷ карданд, зеро ки ғанимати зиёде дар онҳо буд.


Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ, ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ?


Зеро ки бегонаҳо бар ман қиём кардаанд, ва ситамгарон қасди ҷонам доранд; Худоро пеши назари худ намеоваранд. Село.


Инак, Худо мададгори ман аст; Худованд ҷонамро тақвият медиҳад.


Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест; вале одилон мисли шер далеранд.


Ҳазор нафар аз таҳдиди як нафар рӯй ба гурез хоҳанд овард; шумо аз таҳдиди панҷ нафар рӯй ба гурез хоҳед овард то даме ки мисли ходае бар куллаи кӯҳ, ва мисли ливое бар теппа бимонед.


Ва ба хонадони Довуд хабар дода, гуфта шуд: «Арамиён дар хоки Эфроим ӯрду задаанд». Ва дили вай ва дили қавмаш ларзид, чунон ки дарахтони ҷангал аз бод меларзанд.


Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад.


Агар шумо ҳатто тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зидди шумо меҷанганд, торумор мекардед, ба тавре ки аз онҳо фақат маҷрӯҳон боқӣ мемонданд, дар он сурат ҳам онҳо ҳар яке аз хаймаҳои худ бархоста, ин шаҳрро ба оташ месӯзониданд».


Ӯ бисьёр касонро бемаҷол гардонидааст, ба тавре ки онҳо бар ҳамдигар меафтанд ва мегӯянд: „Бархезед, то ки аз шамшери ҳалокатовар назди қавми худ ва ба замини зодгоҳи худ баргардем“.


Яҳудо аз боиси мазаллат ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст; вай дар миёни бутпарастон нишаста, фароғат намеёбад; ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо ба вай даррасидаанд.


Ва аз духтари Сион тамоми ҳашамати вай нест шудааст; мирони вай, мисли ғизолоне ки чарогоҳ наёфта бошанд, бемаҷол гардида, пешопеши таъқибкунанда равона шудаанд.


Таъқибкунандагони мо аз уқобҳои осмон тезравтар буданд: бар кӯҳҳо моро таъқиб мекарданд, дар биёбон барои мо камин месохтанд.


Фарьёд ва навҳа намо, эй писари одам! Зеро ки он бар қавми Ман, бар ҳамаи сарварони Исроил меояд; онҳо бо кавми Ман гирифтори шамшер хоҳанд шуд, бинобар ин дасти афсӯс бар рони худ бизан.


Барои он ки дилҳо обу адо, ва шумораи мақтулон зиёд шавад, Ман назди ҳар дарвозаи онҳо шамшери дудама хоҳам гузошт, — оҳ, шамшери барроқе ки барои куштор тез карда шуда бошад!


Ва чун ба ту гӯянд: „Аз чӣ сабаб оҳ мекашӣ?“ — бигӯй: „Ба сабаби овозае ки меояд“, ва он гоҳ ҳар дил обу адо шуда, ҳамаи дастҳо бемаҷол хоҳад гардид, ва ҳар рӯҳ андӯҳгин шуда, ҳамаи зонуҳо ба ларзиш хоҳад омад. Инак он меояд ва воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо».


Исроил некиро тарк кардааст, пас душман варо таъқиб хоҳад кард.


Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.


Дар тамоми рӯзҳои харобии худ оромӣ хоҳад ёфт, он қадар оромӣ, ки дар шанбеҳои шумо, вақте ки дар он сокин будед, наёфта буд.


Ва амӯриёне ки дар он кӯҳ сокин буданд, ба муқобили шумо берун омада, шуморо таъқиб карданд, чунон ки занбӯрҳои асал мекунанд; ва ба шумо аз Сеир то Ҳормо шикаст расониданд.


Ва ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун ба самти ғарб буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ‐Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ‐Исроил боқӣ намонд.


Ва аз онҳо мардуми Ой тақрибан сиву шаш нафарро куштанд, ва аз пеши дарвоза то Шеборим онҳоро таъқиб карданд, ва дар нишебӣ ба онҳо зарба расониданд; ва дили қавм гудохта гардида, об шуд.


Ва ҳамаи мардони Исроил он мардро дида, аз вай мегурехтанд ва бағоят ҳаросон мешуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan