Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:34 - Китоби Муқаддас 1992 1999

34 Он гоҳ замин дар тамоми айёми харобияш, вақте ки шумо дар замини душманони худ бошед, аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард; он гоҳ замин оромӣ хоҳад ёфт, ва аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:34
7 Iomraidhean Croise  

Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва ту бар онҳо ғазаб карда, онҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон онҳоро ба замини душман, — хоҳ наздик бошад хоҳ дур, — бибаранд;


То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;


Ва соли панҷоҳумро тақдис кунед, ва дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед; бигзор ин барои шумо юбил бошад; ва ҳар яке ба мулки худ баргардед, ва ҳар яке ба оилаи худ баргардед.


Дар тамоми рӯзҳои харобии худ оромӣ хоҳад ёфт, он қадар оромӣ, ки дар шанбеҳои шумо, вақте ки дар он сокин будед, наёфта буд.


Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan