Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:32 - Китоби Муқаддас 1992 1999

32 Ва Ман ин заминро валангор хоҳам намуд, ба тавре ки душманони шумо, ки бар он маскан гирифта бошанд, аз аҳволи он мутааҷҷиб хоҳанд шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:32
28 Iomraidhean Croise  

Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ аст, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда ва ҳуштак зада, хоҳад гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?“


Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Худованди лашкарҳо ба гӯши ман гуфт: «Ба яқин, хонаҳои бисьёр хароб хоҳад шуд, хонаҳои бузург ва зебо ғайримаскун хоҳад гардид;


Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?» Ва Ӯ гуфт: «То даме ки шаҳрҳо валангор шуда, ғайримаскун гардад, ва хонаҳо бе одам бимонад, ва замин ба харобазор табдил ёбад.


Шаҳрҳои муқаддаси Ту биёбон шудааст; Сион биёбон, ва Ерусалим харобазор гардидааст.


Онро вайрона карданд, ва он вайрона шуда, пеши Ман мотам гирифтааст; тамоми замин вайрона шудааст, зеро касе нест, ки инро дар дили худ роҳ диҳад.


То ки замини худро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушии абадӣ гардонанд, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.


Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.


Ва тамоми ин замин вайрона ва биёбон хоҳад шуд; ва ин халқҳо ҳафтод сол ба подшоҳи Бобил бандагӣ хоҳанд кард.


Ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ва ба подшоҳонаш ва миронаш, то ки онҳоро вайронаю валангор ва мавриди масхараю лаънат гардонам, чунон ки имрӯз аст;


Ӯ мисли шери ҷавон лонаи Худро тарк кардааст; зеро ки замини онҳо аз хашми ситамгар ва аз оташи ғазаби Ӯ биёбон гардидааст».


Худованд чунин мегӯяд: дар ин макон, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он вайрона аст: на одам дорад ва на чорво“, яъне дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки валангор гардида, на одаме доранд, на сокине ва на чорвое,


«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо тамоми мусибатеро, ки Ман бар Ерусалим ва бар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо овардам, дидед; ва инак, имрӯз хароб шудааст, ва сокине дар онҳо нест,


Ва Худованд дигар натавонист ба аъмоли бади шумо ва ба корҳои зиште ки кардед, тоқат оварад; ва замини шумо харобазор шуда, мавриди даҳшат ва лаънат ва ғайримаскун гардид, чунон ки имрӯз аст.


«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».


Подшоҳони замин ва ҳамаи сокинони дуньё бовар намекарданд, ки аду ва душман ба дарвозаҳои Ерусалим дохил хоҳад шуд,


Барои кӯҳи Сион, ки хароб шудааст, ва шағолон бар он гаштугузор мекунанд.


Ва ҳангоме ки бар ту бо хашм ва ғазаб ва мазамматҳои сахт довариҳо намоям, ин барои халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, сабаби нанг ва дашном ва ибрат ва даҳшат хоҳад буд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.


Гӯши Худро, эй Худои ман, хам намо ва бишнав, ва чашмони Худро бикшо ва бар вайронаҳои мо ва бар шаҳре ки ба исми Ту хонда шудааст, бингар; зеро ки мо на ба сабаби адолати худ, балки ба сабаби марҳаматҳои зиёди Ту тазаррӯъҳои худро пеши пои Ту меандозем.


Дар соли аввали подшоҳии ӯ ман, Дониёл, дар китобҳо ба шумораи солҳо диққат додам, ки каломи Худованд дар бораи он ба Ирмиёи набӣ нозил шуда буд, ки ба харобии Ерусалим ҳафтод сол пур хоҳад шуд.


Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад, ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад, ва киштзорҳо ҳосил надиҳад, ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад, ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад, —


Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст;


Ва дар миёни қавмҳое ки Худованд туро ба он ҷо хоҳад бурд, ту василаи ҳайрат, масал ва тамасхур хоҳӣ гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan