Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:30 - Китоби Муқаддас 1992 1999

30 Ва баландиҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва санамҳои Ҳамони шуморо маҳв хоҳам намуд, ва лошаҳои шуморо бар шикастапораҳои бутҳои шумо вожгун хоҳам сохт, ва ҷони Ман аз шумо кароҳат хоҳад дошт;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:30
28 Iomraidhean Croise  

Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».


Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: „Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид“».


Зеро сухане ки вай дар бораи қурбонгоҳи Байт‐Ил ва дар бораи ҳамаи баландиҳои шаҳрҳои Сомария бар тибқи каломи Худованд гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».


Ва Йӯшиёҳу рӯй гардонида, қабрҳоеро, ки он ҷо дар кӯҳ буд, дид, ва фиристода, устухонҳоро аз он қабрҳо гирифт, ва бар қурбонгоҳ сӯзонида, онро палид гардонид, бар тибқи қаломи Худованд, ки он марди Худо, ки ин воқеаҳоро пешгӯӣ карда буд, онро ба забон ронд.


Ва ҳамаи коҳинони баландиҳоро, ки дар он ҷо буданд, бар қурбонгоҳҳо кушт, ва устухонҳои одамизодро бар онҳо сӯзонид; ва ба Ерусалим баргашт.


Ва ҳамаи коҳинонро аз шаҳрҳои Яҳудо овард, ва баландиҳоро, ки коҳинон дар он ҷо бухур месӯзониданд, — аз Ҷобаъ то Беэр‐Шобаъ, — палид гардонид; ва баландиҳои назди дарвозаҳоро, — онро, ки дар даҳани дарвозаи Еҳушаъ, раиси шаҳр буд, ва онро, ки ба тарафи чапи шахси ба дарвозаи шаҳр дохилшаванда буд, — хароб кард.


Ва тамоми қавм ба хонаи Баал омада, онро хароб карданд, ва қурбонгоҳҳо ва бутҳояшро шикастанд, ва Маттонро, ки коҳини Баал буд, пеши қурбонгоҳҳо куштанд.


Ва баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд; ва тамоми банӣ‐Исроил, ҳар кас ба мулки худ, ба шаҳрҳои худ баргаштанд.


Забуниро бар мирон мерезад, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.


Пас, гуноҳи Яъқуб ба ин восита кафорат хоҳад шуд, ва тамоми самари дафъи хатои вай ҳамин хоҳад буд, ки вай ҳамаи сангҳои қурбонгоҳҳоро мисли сангҳои оҳаки шукуфта хоҳад гардонид, то ки бутҳои Ашера ва Ҳамон дигар барпо нашавад.


Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ? Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст? Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест? Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест; ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.


Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд».


Ва туро ба дасти ошиқонат хоҳам супурд, ва онҳо теппаҳоятро вайрон ва баландиҳоятро хароб хоҳанд кард, ва либосҳоятро аз ту хоҳанд кашид, ва асбоби зебу зинататро хоҳанд гирифт, ва туро бараҳна ва урьён хоҳанд гузошт.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин аст макони тахти Ман ва макони кафи пойҳои Ман, ки дар он Ман дар миёни банӣ‐Исроил то абад сокин хоҳам шуд; ва хонадони Исроил, ҳам худашон ва ҳам подшоҳонашон, дигар исми муқаддаси Маро бо зинокории худ ва бо лошаҳои подшоҳони худ ва бо баландиҳои худ палид нахоҳанд кард,


Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки мақтулони онҳо дар миёни бутҳои онҳо, дар гирди қурбонгоҳҳои онҳо, бар ҳар теппаи баланд, бар ҳамаи қуллаҳои кӯҳҳо, ва зери ҳар дарахти сабзу хуррам, ва зери ҳар дарахти пистаи сершоха, дар ҷое ки барои ҳамаи бутҳои худ атри гуворо меоварданд, биафтанд.


Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд: Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон, ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.


Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Ман онҳоро аз пеши шумо бадар меронам, рафтор накунед; зеро ки онҳо ҳамаи ин корҳоро карданд, ва Ман аз онҳо нафрат намудам.


Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.


Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷонатон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —


Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».


Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Ва Худованд инро дида, дарғазаб шуд, чунки писаронаш ва духтаронаш Ӯро ба хашм оварданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan