Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Агар бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба ҷо оваред, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:3
19 Iomraidhean Croise  

Ва ҳар гоҳ ба сӯи ман руҷӯъ намоед, ва аҳкоми Маро риоят кунед ва онҳоро ба ҷо оваред, ҳатто агар парокандагони шумо дар ақсои осмон бошанд ҳам, онҳоро аз он ҷо ҷамъ хоҳам кард ва ба маконе ки онро баргузидаам, то исми Худро дар он ҷо сокин гардонам, хоҳам овард“.


Ва Худованд Худои худро ибодат намоед, ва ӯ нони ту ва оби туро баракат хоҳад дод; ва Ман бемориҳоро аз миёни ту дур хоҳам кард.


Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.


Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.


Ки онро ба падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз кӯраи оҳан берун овардам, амр фармуда, гуфтам: овози Маро бишнавед ва ҳар он чиро, ки ба шумо амр фармоям, ба ҷо оваред, — ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд,


Ва дар соли панҷум меваи онро метавонед бихӯред, ва ҳосили он барои шумо афзун хоҳад шуд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Зеро ки акнун дар сулҳу осоиштагӣ зироат ба амал хоҳад омад, ток меваи худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва осмон шабнами худро хоҳад бахшид, ва Ман ҳамаи инҳоро ба тасарруфи бақияи ин қавм хоҳам даровард.


Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам?


Ва агар ба ин дастурот гӯш андозед, ва онҳоро риоя намуда, ба амал оваред, Худованд Худои ту аҳд ва марҳаматеро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, барои ту нигоҳ хоҳад дошт.


Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan