Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:26 - Китоби Муқаддас 1992 1999

26 Вақте ки асои нони шуморо бишканам, даҳ зан нони шуморо дар як танӯр хоҳанд пухт, ва нони шуморо ба тарозу баркашида хоҳанд дод, ва шумо онро хӯрда, сер нахоҳед шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:26
17 Iomraidhean Croise  

Ва қаҳтии сахт дар Сомария буд, ва инак, онро муҳосира карда буданд, ба тавре ки каллаи хар ба баҳои ҳаштод сиқл нукра фурӯхта мешуд, ва чорьяк қаб саргини кафтар — ба баҳои панҷ сиқл нуқра.


Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд, ва ба Ҳоруни қуддуси Худованд.


Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард: ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро;


Зеро ки даҳ ҷуфт токзор як бат хоҳад дод, ва як ҳӯмер тухмӣ як эфа хоҳад овард».


Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта сиёҳ шудааст, ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд: касе ба бародари худ раҳм намекунад.


Аз тарафи рост бурида мегиранд, ва гурусна мемонанд, ва аз тарафи чап мехӯранд, ва сер намешаванд; ҳар кас гӯшти бозуи худро мехӯрад.


Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».


«Эй писари одам! Агар замине пеши Ман гуноҳ карда, ба дараҷаи хиёнат бирасад, ва Ман дасти Худро бар он дароз карда, муттакои нони онро бишканам, ва қаҳтӣ бар он фиристода, инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,


Ва хӯроке ки мехӯрӣ, мувофиқи вазн, яъне рӯзе бист сиқл хоҳад буд; вақт‐вақт онро хоҳӣ хӯрд.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Инак Ман муттакои нонро дар Ерусалим дарҳам хоҳам шикаст, ва нонро мувофиқи вазн ва бо ғами фардо хоҳанд хӯрд; ва обро мувофиқи андоза бо маъюсӣ хоҳанд нӯшид.


Зеро ки нон ва оби онҳо камӣ хоҳад кард; ва онҳо бо навмедӣ ба ҳамдигар назар хоҳанд кард, ва дар гуноҳи худ талаф хоҳанд шуд.


Ҳангоме ки Ман тирҳои шадиди қаҳтиро, ки барои ҳалокат мебошанд, бифиристам, Ман онҳоро барои талаф кардани шумо хоҳам фиристод, ва қаҳтиро бар шумо торафт сахт хоҳам кард, ва муттакои нони шуморо дарҳам хоҳам шикаст;


Ва хоҳанд хӯрд, вале сер нахоҳанд шуд; зино хоҳанд кард, вале афзун нахоҳанд гардид, зеро ки риояи аҳди Худовандро тарк кардаанд.


Ва агар баъд аз ин ҳам ба Ман гӯш надиҳед, ва бар хилофи Ман рафтор намоед, —


Ту хоҳӣ хӯрд, вале сер нахоҳӣ шуд, ва гуруснагии ту андаруни ту хоҳад монд; ва пинҳон хоҳӣ сохт, вале халос нахоҳӣ кард, ва он чиро, ки халос кунӣ, Ман ба шамшер хоҳам супурд.


Бисьёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамьёни сӯрохдор мегузорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan