23 Ва агар бо вуҷуди ин ҳам тавба накунед, ва бар хилофи Ман рафтор намоед, —
Бо покдил Ту покдилона рафтор мекунӣ, ва бо каҷкор — мувофиқи каҷкории вай.
Бар абас писарони шуморо зарба задаам: онҳо сабақе нагирифтанд; шамшери шумо, мисли шери дарранда, анбиёи шуморо хӯрдааст.
Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст. Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд; онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд; рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.
Тамоми ин мусибат, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бар мо омадааст; валекин мо пеши Худованд Худои мо тазаррӯъ накардаем, то ки аз маъсиятҳои худ даст кашем ва ростии Туро дарк намоем.
Ва агар бар хилофи Ман рафтор намоед ва аз гӯш додан ба Ман гардан тобед, Ман зарбаро барои ҳар гуноҳатон ҳафтчандон афзун хоҳам кард.