Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Ва кибри қудрати шуморо дарҳам хоҳам шикаст, ва осмонатонро монанди оҳан ва заминатонро монанди мис хоҳам гардонид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:19
20 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».


Ҳангоме ки осмон баста шавад ва барои гуноҳе ки ба ҳузури Ту ба амал оварда бошанд, борон наборад, ва дар ин макон дуо гуфта ва исми Туро ҳамду сано хонда, аз гуноҳи худ тавба кунанд, чунки Ту онҳоро фурӯ нишондаӣ, —


Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —


Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он ҳаракат диҳад, чунон ки шиновар барои шино кардан ҳаракат медиҳад, — вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои дастҳои вай паст хоҳад кард.


Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.


Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!


«Худованд чунин мегӯяд: кибри Яҳудо ва кибри азими Ерусалимро ҳамин тавр талаф хоҳам намуд.


Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.


„Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.


Худованд чунин мегӯяд: ва мададгорони Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, ва кибриёи қуввати он аз Миҷдӯл то Асвон паст хоҳад шуд; дар он аз шамшер хоҳанд афтод, мегӯяд Худованд Худо.


Ва ин заминро вайронаю валангор хоҳам гардонид, ва кибриёи қувваташ хотима хоҳад ёфт; ва кӯҳҳои Исроил харобазор хоҳад шуд, ба тавре ки роҳгузаре нахоҳад буд.


Ва Ман шариртарини халқҳоро хоҳам овард, ва хонаҳои онҳоро соҳиб хоҳанд шуд; ва ба ғурури зӯроварон хотима хоҳам дод, ва ҷойҳои муқаддаси онҳо палид хоҳад шуд.


Дар он рӯз ту аз тамоми амалиёти худ, ки бо он пеши Ман гуноҳ кардаӣ, хиҷил нахоҳӣ шуд, зеро ки он вақт Ман мутакаббирони пурсурури туро аз даруни ту дур хоҳам кард, ва ту дигар дар кӯҳи муқаддаси Ман такаббур нахоҳӣ намуд.


Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод,


Ва хашми Худованд бар шумо аланга занад, ва Ӯ осмонро бандад, ва борон наборад, ва замин ҳосили худро надиҳад, ва шумо аз замини некӯе ки Худованд ба шумо медиҳад, ба зудӣ маҳв шавед.


Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хоҳад гардид, ва замине ки зери пои туст, — монанди оҳан.


Ва сандуқи Худо забт карда шуд; ва ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос — талаф шуданд.


Ва қавм ба ӯрдугоҳ омаданд; ва пирони Исроил гуфтанд: «Чаро Худованд имрӯз моро пеши фалиштиён шикаст дод? Пас, сандуқи аҳди Худовандро назди худ биёрем, ва он андаруни мо дохил шуда, моро аз дасти душманонамон наҷот хоҳад дод».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan