Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ва агар бо ин ҳама ба Ман гӯш надиҳед, Ман ҷазои шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зиёд хоҳам кард;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:18
10 Iomraidhean Croise  

Зеро ки ҳамин дафъа Ман ҳамаи захмҳои Худро бар дили ту, ва бар навкаронат ва қавмат хоҳам фиристод, то бидонӣ, ки дар тамоми замин монанди Ман нест.


Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд.


Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ гирифтааст, ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда, онҳоро зарба задааст, ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.


Азбаски замин кафидааст, зеро дар мамлакат борон наборидааст, бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.


Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд.


Ва агар бар хилофи Ман рафтор намоед ва аз гӯш додан ба Ман гардан тобед, Ман зарбаро барои ҳар гуноҳатон ҳафтчандон афзун хоҳам кард.


Он гоҳ Ман низ бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зарба хоҳам зад.


Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.


Серон барои як лаб нон муздур мешаванд, вале гуруснагон фароғат меёбанд; ҳатто зани нозой ҳафт бача мезояд, вале зани серфарзанд мубтало мешавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan