Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷонатон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:15
27 Iomraidhean Croise  

Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».


Ва аз фароизи Ӯ, ва аз аҳде ки Ӯ бо падаронашон баста буд, ва аз шаҳодоте ки Ӯ ба онҳо дода буд, нафрат карданд, ва аз паи чизҳои ҳеҷу пуч рафта, худашон ҳеҷу пуч шуданд, ва низ аз паи халқҳое ки дар гирду пешашон буданд, ва Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ки мисли онҳо амал накунанд;


Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.


Худовандо! Лабҳои маро бикшо, ва забонам ҳамду санои Туро хоҳад гуфт;


Ва алҳол, агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро ки тамоми замин аз они Ман аст.


Ва китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод».


Машварати маро напазируфтанд, аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, —


Худотарсӣ ибтидои дониш аст; беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.


Ва хоҳӣ гуфт: «Чаро аз насиҳат нафрат кардам, ва дилам ба мазаммат беэътиноӣ намуд,


Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.


Онҳо ба гуноҳҳои аҷдоди худ, ки аз шунидани суханони Ман рӯ тофта буданд, баргаштанд, ва онҳо худоёни дигарро пайравӣ карданд, то ки ба онҳо ибодат намоянд. Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди Маро, ки бо падаронашон баста будам, поймол карданд.


На мисли он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман оғои онҳо будам, — мегӯяд Худованд.


Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам, ки самари афкори онҳост; зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд, ва шариати Маро рад карданд.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман бо ту ончунон амал хоҳам кард, ки ту амал кардаӣ, яъне савгандро хор дониста, аҳдро шикастаӣ.


Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.


Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —


Ва Ман ба шумо назари нек хоҳам кард, ва шуморо борвар хоҳам гардонид, ва шуморо афзун хоҳам сохт, ва аҳди Худро бо шумо мустаҳкам хоҳам намуд.


Агар нашнавед, ва агар дар дили худ ҷо накунед, ки бояд исми Маро ҷалол диҳед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод, ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт, ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо инро дар дили худ ҷо накардаед.


Зеро ки вай аз каломи Худованд нафрат карда, ҳукми Ӯро поймол намудааст, — он кас албатта маҳв хоҳад шуд: гуноҳи вай бар гардани вай аст».


„Эй мутанаффирон, бингаред ва тааҷҷуб намоед ва маҳв шавед, зеро ки Ман амалеро дар айёми шумо содир менамоям, амале ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, бовар намекардед“».


Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.


На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегӯяд Худованд.


Валекин агар овози Худовандро нашнавед ва ба фармони Худованд зиддият нишон диҳед, он гоҳ Худованд бар зидди шумо хоҳад буд, чунон ки бар зидди падарони шумо буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan