Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Валекин агар ба Ман гӯш надиҳед, ва тамоми ин аҳкомро ба ҷо наоваред,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:14
23 Iomraidhean Croise  

«Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои қавм ва барои тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо ба суханони ин китоб гӯш надодаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар бораи мо навишта шудааст, амал намоянд».


Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи лаънатҳоеро, ки дар ин китоб, ки онро пеши подшоҳи Яҳудо хондаанд, навишта шудааст;


Валекин агар шумо рӯй гардонида, аҳкому фароизеро, ки ба шумо додаам, тарк кунед, ва рафта, худоёни дигарро ибодат намоед, ва ба онҳо саҷда баред, —


Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.


Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор карданд; ва Ман ҳамаи суханони ин аҳдро бар онҳо овардам, ки иҷро кардани онро Ман ба онҳо амр фармуда будам, вале онҳо иҷро накарданд».


Ва агар Маро нашнида, рӯзи шанберо тақдис нанамоянд ва дар рӯзи шанбе боре бардошта, ба дарвозаҳои Ерусалим дароянд, он гоҳ Ман ба дарвозаҳояш оташ хоҳам зад, — ва он қасрҳои Ерусалимро хоҳад сӯзонид ва хомӯш нахоҳад шуд“».


Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: агар шумо Маро нашнавед дар бораи он ки бар тибқи шариати Ман, ки пеши шумо гузоштаам, рафтор намоед,


Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.


Ва онҳо омада, онро ба тасарруфи худ дароварданд, вале овози Туро нашниданд, бар тибқи шариати Ту рафтор накарданд ва он чиро, ки Ту амр фармудӣ, ки ба ҷо оваранд, ба ҷо наоварданд; ба ин сабаб Ту тамоми ин мусибатро бар онҳо овардӣ.


Ва сардори посбонон Ирмиёро гирифта, ба ӯ гуфт: «Худованд Худои ту ин мусибатро дар бораи ин макон баён намудааст,


«Худованд одил аст, зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам. Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, ва дарди маро бубинед: дӯшизагонам ва ҷавононам ба асирӣ рафтаанд.


Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.


Тамоми ин мусибат, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бар мо омадааст; валекин мо пеши Худованд Худои мо тазаррӯъ накардаем, то ки аз маъсиятҳои худ даст кашем ва ростии Туро дарк намоем.


Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.


Ва агар бо ин ҳама ба Ман гӯш надиҳед, Ман ҷазои шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зиёд хоҳам кард;


Агар нашнавед, ва агар дар дили худ ҷо накунед, ки бояд исми Маро ҷалол диҳед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод, ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт, ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо инро дар дили худ ҷо накардаед.


Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад“.


Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем шуд.


Валекин, чунон ки ҳар қавлу ваъдае ки Худованд Худои шумо ба шумо дода буд, барои шумо ба амал омадааст, ончунон Худованд ҳар таҳдидро бар шумо иҷро хоҳад кард, то даме ки шуморо аз ин замини хубе ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв намояд.


Ҳар бор, ки ба ҷанг мебаромаданд, дасти Худованд бар онҳо ба бадӣ буд, чунон ки Худованд гуфта буд ва чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд; ва онҳо бисьёр ба танг омаданд.


Валекин агар овози Худовандро нашнавед ва ба фармони Худованд зиддият нишон диҳед, он гоҳ Худованд бар зидди шумо хоҳад буд, чунон ки бар зидди падарони шумо буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan