Ва онро ба дасти касоне ки бар ту ситам мекунанд, медиҳам, ки онҳо ба ҷони ту мегуфтанд: „Сарнагун шав, то аз болоят бигзарем“, ва ту тахтапушти худро мисли замин ва мисли кӯча барои роҳгузарон гардондаӣ».
Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.
Бо риштаҳои инсонӣ, бо танобҳои муҳаббат онҳоро пеш кашидам; ва барояшон мисли касоне будам, ки юғро аз ҷоғашон боло мебардоранд; ва навозишкорона ба вай хӯрок медодам.