Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва дар миёни шумо қадамгузор хоҳам шуд, ва Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:12
33 Iomraidhean Croise  

Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.


Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».


Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.


Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.


Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.


Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.


Дар ҳар ҷое ки бо тамоми банӣ‐Исроил гардиш кардаам, оё ба ягон пешвои Исроил, ки чаронидани қавми Худ Исроилро ба вай амр фармуда будам, сухане ба забон ронда, гуфтаам: чаро барои ман хонаи арзӣ бино накардаед“?


Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам, ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст.


Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.


Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам, то ки дар миёни онҳо сокин шавам; Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.


Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.


Ва шуморо хоҳам гирифт, то ки барои Ман қавм бошед, ва Ман барои шумо Худо хоҳам буд; ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз зери ситамҳои мисриён берун овардам.


Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».


Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.


Ки онро ба падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз кӯраи оҳан берун овардам, амр фармуда, гуфтам: овози Маро бишнавед ва ҳар он чиро, ки ба шумо амр фармоям, ба ҷо оваред, — ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд,


Ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд».


Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,


Ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.


Балки ба онҳо чунин амр фармуда, гуфтаам: „Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд; ва ба ҳар роҳе ки ба шумо амр фармоям, биравед, то ки барои шумо хуб бошад“.


То ки бар тибқи фароизи Ман рафтор намоянд ва дастурҳои Маро риоя кунанд ва онҳоро ба ҷо оваранд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.


Мисли рамаи қурбонӣ, мисли рамаи Ерусалим дар рӯзҳои иди он; ҳамчунин шаҳрҳои хароба аз рамаи одамон пур хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».


Ва хоҳед донист, ки Ман андаруни Исроил мебошам, ва Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва дигаре нест, ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.


Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»


Хоҳ мард бошад хоҳ зан, хориҷ кунед; онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ кунед, то ки ӯрдугоҳҳои худро, ки Ман дар миёни онҳо сокин ҳастам, наҷис нагардонанд».


„Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон».


Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.


Зеро ки Худованд Худои ту андаруни ӯрдугоҳи ту қадамгузор аст, то ки туро раҳо намояд ва душманонатро ба дасти ту бисупорад; пас, бигзор ӯрдугоҳи ту муқаддас бошад, то ки Ӯ чизи палиде дар миёни ту дида, аз ту рӯй нагардонад.


Ғуломеро, ки аз оғои худ пеши ту гурехта бошад, ба дасти оғои вай насупор;


Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.


Ба фариштаи калисои Эфсӯс бинавис: «Ӯ, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд:


Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan