Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 26:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 26:11
27 Iomraidhean Croise  

Дар ҳар ҷое ки бо тамоми банӣ‐Исроил гардиш кардаам, оё ба ягон пешвои Исроил, ки чаронидани қавми Худ Исроилро ба вай амр фармуда будам, сухане ба забон ронда, гуфтаам: чаро барои ман хонаи арзӣ бино накардаед“?


Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин шуда, қавми Худ Исроилро тарк нахоҳам кард».


Ман хонае барои сукунати Ту бино намудаам, маконе барои он ки Ту дар он то абад сокин шавӣ».


Оё дар ҳақиқат Худо бар замин сокин хоҳад шуд? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!


Забуниро бар мирон мерезад, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.


Овозам сӯи Худост, ва фарьёд мекашам; овозам сӯи Худост, ва ба ман гӯш хоҳад андохт.


Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.


Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.


Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам, то ки дар миёни онҳо сокин шавам; Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.


Ба хотири исми Худ моро рад нанамо; тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун; аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.


Худованд қурбонгоҳи Худро тарк карда, қудси Худро хор дидааст; ҳисорҳои қасрҳои онро ба дасти душманон таслим намудааст: онҳо дар хонаи Худованд, ба монанди рӯзи ид, овоз бардоштаанд.


Ва хоҳед донист, ки Ман андаруни Исроил мебошам, ва Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва дигаре нест, ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.


Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Ман онҳоро аз пеши шумо бадар меронам, рафтор накунед; зеро ки онҳо ҳамаи ин корҳоро карданд, ва Ман аз онҳо нафрат намудам.


Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷонатон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —


Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —


Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.


Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт;


Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.


Ва Худованд инро дида, дарғазаб шуд, чунки писаронаш ва духтаронаш Ӯро ба хашм оварданд.


Вале агар замини моликияти шумо дар назаратон палид бошад, пас ба замини моликияти Худованд, ки хаймаи Худованд дар он соқин аст, бигзаред, ва дар миёни мо мулке барои худ бигиред, валекин бар зидди Худованд исьён набардоред ва, ғайр аз курбонгоҳи Худованд Худои мо, барои худ қурбонгоҳ сохта, моро ба исьёни худ шарик нагардонед.


Ва Финҳос ибни Элъозори коҳин ба банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Менашше гуфт: «Имрӯз мо донистем, ки Худованд дар миёни мост, чунки шумо ин хиёнатро дар ҳаққи Худованд накардаед; акнун шумо банӣ‐Исроилро аз дасти Худованд раҳо кардед».


Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;


Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар маъбади Ӯ ба Ӯ хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan