1 Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
Ва бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз сутунҳо ва Ашераҳо барои худ гузоштанд;
Ва тамоми аҳкоми Худованд Худои худро онҳо тарк карда, ду гӯсолаи рехта барои худ сохтанд, ва Ашера сохтанд, ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурданд, ва Баалро ибодат карданд.
Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд, ва мувофиқи таомуле ки подшоҳони Исроил ҷорӣ намуда буданд, рафтор карданд;
Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад; дуньё ва сокинони он низ;
«Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед.
Ба худоёни онҳо саҷда набар, ва онҳоро ибодат нанамо, ва мисли аъмоли онҳо амал накун, балки онҳоро торумор соз, ва ҳайкалҳошонро албатта бишкан.
Худоёни рехта барои худ насоз.
Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст, ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,
Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
Зеро ки банӣ‐Исроил бандагони Мананд; онҳо бандагони Мананд, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
Ҳар кӣ аз писарони Ҳорун хуни қурбонии саломатӣ ва чарбуро тақдим менамояд, соқи рост ҳиссаи ӯ хоҳад буд.
Ҳамаи сокинони он заминро аз пеши худ бадар биронед, ва ҳамаи ҳайкалҳои нақшини онҳоро нест кунед, ва ҳамаи бутҳои рехтаи онҳоро бишканед, ва ҳамаи баландиҳои онҳоро хароб кунед.
Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.
„Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“
„Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, — берун аз он хоҳанд буд.
Ва банӣ‐Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯи ибни Менашше, худаш ва писаронаш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.