Ва бигзор ин барои ту аломате бар дастат, ва ёдгорие дар мобайни чашмонат бошад, то ки шариати Худованд дар даҳонат бошад; зеро ки Худованд бо дасти қавӣ туро аз Миср берун овард.
Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман наовардӣ, ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ. Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам, ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.
Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.
Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.