Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худованд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.
Ва мо дар миёни коҳинон, левизодагон ва қавм барои ҳадияи ҳезум қуръа партофтем, ки онро ба хонаи Худои худ мувофиқи хонаводаҳо сол ба сол дар вақтҳои муайян биёрем, то ки бар қурбонгоҳи Худованд Худои мо, бар тибқи он чи дар Таврот навишта шудааст, бисӯзонем;
Курбонгоҳи чӯбине буд, ки се зироъ баландӣ ва ду зироъ дарозӣ дошт; ва гӯшаҳояш, ва дарозияш ва деворҳояш аз чӯб буд. Ва ба ман гуфт: ин мизест, ки дар ҳузури Худованд мебошад.