Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 24:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва орди маҳин бигир, ва аз он дувоздаҳ нон бипаз; барои ҳар нон бояд ду ушри эфа сарф шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 24:5
18 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёс дувоздаҳ санг гирифт, бар тибқи шумораи сибтҳои банӣ‐Яъқуб, ки каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфта буд: «Номи ту Исроил хоҳад буд».


Ва низ бар нони тақдим, ва бар орди маҳин барои ҳадияи ордӣ, ва бар чалпакҳои фатирӣ, ва бар ҳадияҳои бирьён ва пухта, ва бар ҳар андозаи моеӣ ва вазн;


Ва баъзе аз бародарони онҳо, аз писарони қаҳотиён, бар нони тақдим таъин шуда буданд, то ки онро барои ҳар рӯзи шанбе тайёр кунанд.


Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худованд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.


Барои нони тақдим ва ҳадияи ордии доимӣ, барои қурбонии сӯхтании доимӣ, барои қурбониҳои шанбе, навмоҳ ва идҳо, барои қурбониҳои ҷамоат, барои қурбонии гуноҳҳо, то кафорате барои Исроил бишавад, ва барои тамоми кори хонаи Худои мо.


Ва мо дар миёни коҳинон, левизодагон ва қавм барои ҳадияи ҳезум қуръа партофтем, ки онро ба хонаи Худои худ мувофиқи хонаводаҳо сол ба сол дар вақтҳои муайян биёрем, то ки бар қурбонгоҳи Худованд Худои мо, бар тибқи он чи дар Таврот навишта шудааст, бисӯзонем;


Ва нони тақдимро бар миз ҳамеша ба ҳузури Ман бимон.


Ва миз, ва тамоми колояш, ва нони тақдим;


Ва бар он як даста нонро ба ҳузури Худованд тартиб дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва мизро дохил карда, лавозимоташро ба тартиб овар; ва чароғдонро дароварда, чароғҳояшро барафрӯз.


Ва бар мизи нони тақдим чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва табақҳо ва қошуқҳо ва косаҳо ва дӯлчаҳои рехтаниро бар он мегузоранд; ва нони доимӣ бояд бар он бошад.


Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?


Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.


Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он «қудс» номида мешавад.


Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.


Ва коҳин нони муқаддасро ба ӯ дод, зеро ки дар он ҷо ноне набуд, ҷуз нонҳои тақдим, ки аз пеши Худованд бардошта шуда буд, то ки дар рӯзи бардоштанаш нонҳои гарм бимонанд.


Ва дар он ҷо дар он рӯз шахсе аз навкарони Шоул ба ҳузури Худованд истода буд, ва ӯ Дӯаги адӯмӣ ном дошта, мири рамабонони Шоул буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan