Ва чароғҳо, ки панҷ адад аз тарафи рост ва панҷ адад аз тарафи чап, пеши ҳарам буд, — аз тиллои холис; ва гулҳо, ва косачаҳои равғани чароғ, ва анбӯрҳо, — аз тилло;
Ва тиллоро бо вазни он барои чароғдонҳо ва чароғҳои онҳо, бо вазни он барои ҳар чароғдон ва чароғҳояш; ва нуқраро бо вазни он барои чароғдонҳои нуқра, барои ҳар чароғдон ва чароғҳояш, мувофиқи кори ҳар чароғдон;
Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.
Ва чодири лоҷувардие гирифта, чароғдон ва чароғҳояш ва анбӯрҳояш ва маҷмарҳояш ва тамоми колои равғанашро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, мепӯшонанд.
Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудӣ назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ.