Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,
Ва агар ғарибе дар миёни шумо сокин шавад, бояд вай низ фисҳи Худовандро ба ҷо оварад, мувофиқи фаризаи фисҳ ва дастури он амал намояд; барои шумо як фариза хоҳад буд, — ҳам барои ғариб ва ҳам барои тубҷоӣ».
Ва ба доварони шумо дар он замон амр фармуда, гуфтам: „Арзу доди бародарони худро бишнавед, ва дар миёни ҳар кас ва бародари вай ва ғарибе ки назди вай бошад, аз рӯи адлу инсоф доварӣ намоед;