Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 24:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 24:2
27 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худованд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.


Ва чароғдони пок, ва чароғҳояш, яъне, чароғҳои ҷо ба ҷо гузошташуда, ва тамоми колояш, ва равған барои рӯшноӣ;


Ва чароғдонро дар хаймаи ҷомеъ дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан гузошт.


Зеро ки ҳукм чароғ аст, ва таълим нур аст, ва насоеҳи адабомӯз роҳи ҳаёт аст,


Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт.


Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ҳорун бояд онро берун аз пардаи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, аз шом то субҳ, ба ҳузури Худованд ба таври доимӣ бимонад; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо.


Қавме ки дар торикӣ мезистанд, нури азиме диданд, ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд, нуре дурахшид».


Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.


То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад».


Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошад;


Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.


Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.


Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате ба нури вай шодӣ кунед.


Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад».


То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.


Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan