16 Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.
Ва Довуд ва тамоми қавме ки ҳамроҳаш буданд, бархоста, аз Баалои Яҳудо равона шуданд, то ки сандуқи Худоро аз он ҷо биёранд, ки он ба исми Худованди лашкарҳо, ки бар каррубиён нишастааст, номида шуда буд.
Валекин ман то абад ривоят хоҳам кард, Худои Яъқубро хоҳам сароид.
Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.
Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй.
«Инро низ ба банӣ‐Исроил бигӯ: ҳар кӣ аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил маскан гирифтаанд, аз насли худ ба Мӯлик бидиҳад, бигзор кушта шавад: бигзор қавми замин варо сангсор кунанд.
Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.
Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст».
Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.
Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.
Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;
Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?