Ва қавмро ҳар вақт доварӣ намоянд, ва ҳар масъалаи муҳимро назди ту оваранд, вале ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал кунанд; ва бори ту сабук шуда, онҳо онро бо ту хоҳанд бардошт.
Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,
Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.