1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ва ту ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ назди ту биёранд, то ки чароғҳо доимо афрӯхта шавад.
Ва Мусо идҳои Худовандро ба банӣ‐Исроил эълон намуд.
«Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.
Ва таҳти назорати Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инҳо хоҳад буд: равған барои рӯшноӣ, ва бухури муаттар, ва ҳадияи ордии доимӣ, ва равғани тадҳин; назорат бар тамоми маскан ва бар ҳар чи дар он аст, яъне бар қудс ва бар колои он».
«Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғдон рӯшноӣ диҳад».