7 Дар рӯзи якум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кор накунед.
Ва дар рӯзи якум ҷамъомади муқаддас ва дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас барои шумо хоҳад буд; дар онҳо набояд ҳеҷ коре карда шавад; аммо он чи бояд ҳар кас бихӯрад, фақат онро ба ҷо оварданатон мумкин аст.
Ва дар ҳамон рӯз эълон намоед, ки он барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист дар ҳамаи масканҳои шумо барои наслҳои шумо.
Ҳеҷ кор накунед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед».
Ва ҳафт рӯз қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас аст; ҳеҷ кор накунед».
Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед; бигзор он барои шумо рӯзи навохтани карнайҳо бошад.
Ва дар рӯзи понздахуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.