5 Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, фисҳи Худованд аст.
Иди фатирро риоя намо; ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар вақти муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, зеро ки дар он вақт ту аз Миср берун омадаӣ; ва бигзор ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд;
Дар рӯзи чордаҳуми моҳи якум барои шумо фисҳ, иди ҳафтрӯза, хоҳад буд, ки дар он бояд фатир бихӯранд.
Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ курбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?»
Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид.
Ва банӣ‐Исроил дар Ҷилҷол ӯрду заданд, ва иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳ, бегоҳирӯзӣ, дар саҳроҳои Ериҳӯ ба ҷо оварданд.