42 Ҳафт рӯз дар хаймаҳо сокин бошед; ҳар як тубҷоӣ дар Исроил бояд дар хаймаҳо сокин бошад,
Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
Ва дар хаймаҳо сукунат дорем, ва ҳар он чи падарамон Йӯнодоб ба мо амр фармудааст, ба он итоат менамоем ва мувофиқи он амал мекунем.
Ва Ман ба анбиё сухан рондам, ва рӯъёҳоро афзун кардам, ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам.
Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам; боз туро мисли айёми ид дар хаймаҳо ҷойгир хоҳам кард.
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар рӯзи понздаҳуми ин моҳи ҳафтум — иди хаймаҳо ҳафт рӯз барои Худованд аст.
Ва ин идро ҳар сол ҳафт рӯз барои Худованд ид кунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо; дар моҳи ҳафтум онро ид кунед.
Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.
Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб, ва масканҳои ту, эй Исроил!
Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.